Сайфуллоҳ Сафаров: Интихобот бояд шафоф ва демократӣ гузарад
Сайфуллоҳ Сафаров, муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба интихоботи президентӣ дар кишвари мо таваҷҷуҳ дорад.
Оқои Сафаров, ки рӯзи 12-уми июл дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, дар мавриди интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст моҳи ноябри соли равон баргузор шавад, мавқеи Маркази тадқиқоти стратегиро рӯшан намуда гуфт, “мо ҳамавақт умедвор хоҳем буд, ки ҳар як ҳизби Тоҷикистон намояндаи худашро барои интихоботи демократӣ ва шафоф пешниҳод мекунад. Халқи мо аз ин намояндаҳо аз ҳама арзандатаринашро интихоб мекунанд”.
“Интихобот бояд, ки шафоф ва демократӣ гузарад. Дар он бояд, намояндаҳои аҳзоби сиёсии гуногун иштирок кунанд ва он ҳақиқатан интихобот бошад, яъне мардум тавонад, ки интихоб кунад. Кадоме аз онҳо чанд фоиз овоз мегирад ин барои мо чизи ҳатмӣ нест, лекин худи интихобот бояд ҳатман дар сатҳи бисёр баланд, қонунӣ, шафоф ва демократӣ баргузор шавад”.-афзуд, ҷаноби Сафаров.