Зафари СӮФӢ
Чандест ба ин вожа ва ба мазмуну муҳтавои он меандешам. Воқеан ҳудуди ин мафҳум то куҷост? Корбурди он дар баробари мафоҳими дигар чигунааст? Оё мо бовар дорем, ки ҳар гуна истифодаи он дуруст, самимӣ ва ҳақиқист? Оё вақте марзи номус мегӯему мегӯянд бовар дорему доранд, ки воқеан марзи номус мушаххасу ошкор аст? Агар мушаххас аст, ин ҳама беномусиро дар ҷомеа чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
Вақте ниҳодҳои ба истилоҳ рушанфикриву эҷодӣ мисли замони шӯравӣ дастаҷамъона алайҳи як нафар, ки воқеъбинона танқидашон карда, мешӯранд, ба тангноҳо мухтас шудани марзи номусро метавон ба тамошо нишасту пеши худ зор-зор мӯя кард.
Бадбахтӣ дар он аст, ки имрӯз ҳама доварему марзи гуноҳу савобро таъин кардан мехоҳем. Ҳатто Хуршеди ошнои ман ба оҳанги пурсише талош карда таъинкунандаи марзи савобу гуноҳ бошад. Навишта, ки оё кадоме аз ин ду тоифа бештар гунаҳкоранд: оне, ки риш мондаву савдогари бозор аст ва бо омадани моҳи мубораки Рамазон нархи маҳсулотро боло мебарад ва ё оне, ки дар Рамазон рӯза намегираду барои нороҳат накардани дигарон ба истироҳатгоҳҳо паноҳ мебарад? Ба назари ман таъини мизони гунаҳкории онҳо бо Худост. Аммо намебоист фаромуш кард, ки марзҳо муайян шудаанд, фақат бояд онро шинохту аз он нагузашт.
Беш аз ин боло рафтани нархҳо дар бозор дар остонаи ин ё он иду моҳ ҳеч рабте ба гуноҳу савоб надорад, балки сирфан нишони тақозо ва арза дар бозор аст. Ин талошҳои шаҳрдорӣ ва ҳар ниҳоди дигар барои марзбандии нархҳо бидуни пуштивонаи амалӣ асаре нахоҳад дошт. Яъне бояд бозорро аз ҳамон маҳсулоти лозим дар марзи лозим таъмин кард. Агар ин тавоноиро надоранд ва фақат бо амру фармон мехоҳанд нархҳоро поин оранд, амалан ба беадолатӣ роҳ медиҳанд. Таҷрибаи таъмини бозор бо маҳсулоти ниёзи мубрами рӯз ва аз ин тариқ назорат кардани болоравии нархи маҳсулот дар аксари кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад.
Усулан марзи ниҳоии мардумӣ будани як ҳукумат он аст, ки барномаи аслӣ ва вазифаи аввалиндараҷааш таъмини доимии ниёзҳои мардум ва фароҳам овардани рифоҳи ҳақиқиву ҳамагонӣ бояд бошад. Ҳоло ҳама гуна баҳонаву далелҷӯиҳо нишони заъф ва нотавонии он ҳукумат аст.
Як бардошти дигар аз марз ин ҳамон марзбандиҳо байни сарзаминҳои азалии тоҷикон аст. Маро ин ифтихор насиб шуда, ки дар он сӯи ин марзбандиҳои маснуъӣ дар таъини сарзамини тоҷикон дида ба дунё боз кардаам. Ҳамакнун пайвандон ҳама он сӯи марз мондаанд ва ҳашт соли тамом аст, ки ба иллати эҷоди марзҳои сарду оҳанин дар муносибати ду кишвар, наметавонам ба дидори онҳо шарафёб гардам. Ҳоло дунболи пайдо кардани муқассир ё муқассирон ҳам нестам. Аммо дар ин назар сахт мутмаинам, ки сардии равобити ду кишвари ҳамсоя ба ҳеч ваҷҳ ба мардуми ин ду кишвар иртибот надорад. Аз ин назар ман ба сифати як инсон агар барои ин ҳама азияту нороҳатӣ аз омилони ин сардии равобит мутанаффир бошам, ҳақ дорам, зеро онҳо ҳаққи маро зери по кардаанд...
Марзи номус... Марзи инсоф... Марзи имон... Марзи адолат... Марзи ростӣ... Марзи дурӯғ... Марзи шараф... ва боз даҳҳо марзи дигар, ки мутаассифона дар пеши назари мо ҳамарӯза аз сӯи ину он зери по мешавад. Бадтар аз ин ҳама марзи тарсу мулоҳиза тамоми эҳсосу идроки моро чунон марзбандӣ карда, ки дар баробари ин ҳама вокунише наметавонем аз худ нишон дод. Баҳонаву далели зиёде дорем. Ва агар касе ҷуръат карду дар баробари зери по кардани марзҳо вокуниш нишон дод бо тамоми тавон талош мекунем муҷрим бихонемаш ва аз майдон берунаш андозем.