Сафорати ИМА ба ҳалли мунсифонаи қазияи хабарнигори радиои «ВВС» хушбин аст
Сафорати ИМА аз озод шудани хабарнигори радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ (ВВС) Ӯрунбой Усмонов истиқбол мекунад.
Дар баёнияе, ки ахиран аз сӯи ин сафорат интишор шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки сафорат аз раҳоии журналисти боздоштшуда ва қарори додситонии кулл оид ба лағви иттиҳомот дар мавриди алоқамандии Усмонов ба ташкилоти мамнӯшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» изҳори хушнудӣ мекунад. «Мисли ҳамаи рӯзноманигорон, Усмонов барои иҷрои рисолати касбиаш ва вазифаи қонунии худ ҳамчун журналист бояд бо доираи васеи одамон мулоқот намояд. Мо аз мақомот даъват менамоем, то ки айби боқимондаро оиди хабардор накардани ҳукумат аз корҳои ғайриқонунӣ бекор кунанд», омадааст дар изҳороти сафорати ИМА. {jathumbnail off}