3,6 миллион маоши муҳоҷирони тоҷик аз корфармоҳо ситонда шуд
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар 6 моҳаи аввали соли равон дар ҳаҷми 3 миллиону 617 ҳазор рубли русӣ музди пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷикро баргардонидааст.
Тавре аз Хадамоти мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ҳаҷми маблағе, ки корфармо ба муҳоҷирони меҳнатӣ пардохт накардааст ва бо мусоидати намояндагии хадамот ситонда шуд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 169 ҳазору 659 рубли русӣ зиёд мебошад.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон яке аз сабабҳои пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатиро дар надоштани шартномаи меҳнатӣ миёни коргар ва корфармо унвон намуд.
Манбаъ илова намуд, ки дар ин нимсола бо мусоидати намояндагии хадамот 5 қарори судҳои ноҳиявии шаҳри Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия бо қарори судҳои болоӣ бекор карда шудааст.
Бояд зикр намуд, наздики 2 миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Русия ба сар мебаранд, ки вақтҳои ахир ихроҷи онҳо аз ҷониби мақомоти ин кишвар шиддат гирифтааст.