Мақомот ҳанӯз омилони латту кӯби М.Ҳайитро ҷустуҷӯ доранд
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд, бо гузашти 80 рӯз мақомот ҳанӯз омилони латту кӯбашро пайдо накардаанд.
Муовини раиси ҲНИТ гуфт, охирин бор моҳе қабл бо муфаттиши парвандааш --Мустафо Каримов сӯҳбате анҷом додааст. “Аз сӯҳбати ӯ маълум шуд, ки масъулин ҳамоно дар ҷустуҷӯи авбошон будаанд”,-афзуд ӯ.
Маҳмадалӣ Ҳайит аз он изҳори нигаронӣ кард, ки муфаттишони парванда омилони қазияро бештар миёни наздикон ва ҳамсояҳояш меҷӯянд. “Аммо ин ҳам кашолкориҳо сабаб дорад. Қазия сиёсӣ аст, латту кӯб бо дастури як нафаре анҷом ёфтааст. Мақомоти қудратӣ манфиатдор нестанд, то омили аслии ин латту кӯбро расман ошкор ва ё эълон кунанд”,-илова кард оқои Ҳайит.
Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар наздикии хонааш аз сӯи афроди ношинос мавриди латту кӯб қарор гирифта буд. Дар робита Вазорати умури дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот ҳанӯз ба поён нарасидааст.