Мақомоти тоҷик барои аломатгузории марз ба Бишкек мераванд
Ҳайате аз Тоҷикистон барои аломатгузории марзи миёни ин кишвар бо Қирғизистон озими Бишкек мешаванд.
Токон Мамедов, муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба умури амниятӣ, зимни нишасти хабарие гуфтааст, рӯзи 15-уми июл як ҳайат аз Душанбе барои аломатгузории марзҳо ба Бишкек хоҳанд омад.
Ӯ гуфтааст, ҳоло Тоҷикистон имкони ҷудо намудани замин ба масоҳати 10 метр паҳноӣ ва 100 метр дарозиро барои рафтуомади шаҳрвандони қирғизи муқими маҳаллаи “Мазайтин Жерӣ” баррасӣ дорад. Ба гуфтаи ин мақоми қирғиз, дар ин маҳалла 17 хонавода бо шумули 100 нафар ба сар мебаранд ва онҳо ҳеч иртиботи замине бо Қирғизистон надоранд: “Қаблан роҳ буд, вале шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин роҳ хона бунёд намудаанд.”
Мамедов мегӯяд, қарор аст, рӯзи 25-уми июл муовинони вузарои хориҷии ин ду кишвар бо ҳам мулоқоте анҷом диҳанд.