Президент прокурорҳоро муҷозот кард
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистон аз кори як қатор кормандони раҳбарикунандаи мақомоти прокуратура интиқод карда, бархеашонро аз кор сабукдуш кардааст.
Бо фармони президенти Туркманистон Дортгулӣ Косаев, аз вазифаи прокурори вилояти Лебапс озод шудааст. Ҳамчунин барои «хунукназарӣ дар иҷрои вазифаи хизматӣ ва камбудиҳо» ба Атамират Розиев, прокурори вилояти Балкан ва Ниёзмамат Ариқов,
прокурори вилояти Марий танбеҳ гирифтаанд. Ба онҳо огоҳӣ дода шудааст, ки агар дар наздиктарин фурсат камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ накунанд, аз вазифа озод хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ба иттилои расида, «барои камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолият» бо амри райиси ҷумҳур чанд прокурори ноҳияҳои Туркманистон бевазифа мондаанд.
Ду рӯз қабл, 9-уми июл Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо ҳамин айб ду раиси ноҳияро ба истеъфо фиристода буд.
Гуфта мешавад, ин тасмимҳои Бердимуҳаммадов ба мубориза зидди корупсия дар мақомоти давлатӣ бастагӣ дорад.
Тибқи гузориши Transparency International соли 2012 Туркманистон дар рейтинги кишварҳои фасодзада аз миёни 176 кишвар, дар зинаи 170-ум қарор дорад.