Сафаров: Давлат барои амният ҳаққи бастани масҷидро дорад
Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, дин аз давлат ҷудо, ба он маъно нест, ки давлат ҳаққи дахолат ба фаъолияти масҷидро надорад.
Оқои Сафаров, имрӯз, 12-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “дар конститутсияи мо навишта шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудоянд. Ин маънои онро дорад, ки ба кори масҷид ва ба ибодати мардум давлат дахолат намекунад. Дар ҳолате, ки масъала, масъалаи иқтисодӣ шуду пулҳои масҷидро нодуруст истифода кунанду масалан пули барқро надиҳанду пули заминро надиҳанд, давлат ҳатман дахолат мекунад, чунки ин масъалаи ибодат нест.”
Дар мавриди бастани масҷидҳо Сафаров гуфт, дар ин ҷо масъалаҳои амниятӣ ҷой дорад: “Барои таъмини амнияти шаҳрвандон давлат натанҳо ҳаққи бастани масҷид, балки ҳамаи ҳақро дорад.”
Дар акси ҳол ба гуфтаи ин таҳлилгар фардо имкон дорад, ҳамаи роҳбароне, ки дар ин давлат ҳастанд, ба хотири таъмин накардани амнияти шаҳрвандон, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҷаноби Сафаров дар масъалаи таъмини муллоҳо бо маош ишора намуда афзуд: “Давлат метавонад ин ё он қишри ҷомеаеро, ки умуман аз вай вобаста нест, маблағгузорӣ кунад. Давлат ин моли ҳама аст, давлат ҳеч гоҳ зидди мардум нест, зидди ягон сохтори дохили давлат нест ва аз ҳеч кадом сохтор ҷудо нест.”