Ҳушдори МТС аз ташкили давлати алоҳидаи Бадахшон ва Фарғона
Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфт, нақшаи ташкили ду давлати алоҳида дар Осиёи Миёна вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо Бадахшони бузург будааст. Ин давлат, ба гуфтаи ӯ, бо ҳамроҳ кардани вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон пайдо хоҳад шуд.
Оқои Сафаров, ки рӯзи 12 июл дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, ин иттилоъро аз як намояндаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ (СНГ) дар Қазоқистон шунидаанд. “Аз сабаби он ки дар он нишаст намояндагони расонаҳо низ ширкат доштанду ин гап баромад, мо ҳам ин гапро мегӯем. Намояндаи Маркази зиддитеррористӣ дар асоси маълумоти дар даст доштааш гуфт, нақшаҳое ҳаст, ки дар Осиёи Миёна ду давлати нав бояд пайдо шавад. Яке Бадахшони бузург дар якҷоя кардани Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ва дигаре дар Фарғона”,-афзуд ӯ.
Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, ин “масъала бисёр хавфи ҷиддӣ дорад. Зеро бозиҳои геопалитикӣ оддӣ нестанд ва онҳо бо мақсадҳои муайян равона шудаанд. Натанҳо мо, балки Русия ва Чин низ дар ин масъала бисёр дар ташвишанд. Зеро тамоми ин корҳо бар зидди Чин ва Русия нигаронида шудааст.”
Сайфулло Сафаров афзуд, гуфта наметавонанд, ташкили давлати алоҳида бо номи Бадахшони бузург, ки аз рӯи нақшаи шунидаашон Бадахшони Тоҷикистон шомили он хоҳад буд, хатари ҷиддӣ дорад, ё не. Вале ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ин минтақа дар дасти Тоҷикистон аст ва барои иттифоқ науфтодани ин кор барояшон Чину Русия низ кумак хоҳанд кард.
“Ин хавф он қадар воқеӣ нест, лекин мо бояд хеле эҳтиёт кунем, ки ҳамин минтақаи Тоҷикистон ноором нашавад. Чизи муҳим барои мо ин аст. Барои ҳамин, қувваҳои низомии мо дар ин минтақа рафтанду бисёр машқ карданд”,-таъкид дошт ӯ.
Дар мавриди ташкили давлати алоҳидае бо номи Фарғона оқои Сафаров гуфт, “солҳои 1996, вақте мушовири президент будам, Давлаталӣ Раҷабалиев ва чанде аз дигарон ба Қазоқистон рафта буданд ва дар як конфронси байналхалқӣ бунёди давлати Фарғона ба миён гузошта шуда буд. Ҳамон вақт мо ба Эмомалӣ Раҳмон ин маълумотро дода будем. Бо сабаби он ки водии Фарғона аҳолияш хеле зич аст ва аз нуқтаи назари менталитет як минтақаи махсус аст. Новобаста аз он ки қирғизҳо дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, узбакҳо дар Узбакистон ва тоҷикҳо дар Тоҷикистон ва қазоқҳо дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, мехоҳанд як давлати алоҳида ташкил бидиҳанд. Инҳо мардуми сатҳи қадиманд, яъне савдогарони қадим, бисёр мардуми аҷибанд. Ин мардум мехоҳанд, фарғониҳоро аз давлатҳои минтақа ҷудо намуда, давлатҳои моро майда кунанд ва онҳо як давлате шаванд, ки аз ҳисоби онҳо дигар давлатҳоро идора кардан осон шавад. Бахусус муқовимат ба сӯи Чин ва Русия бисёр хуб анҷом дода шавад. Ташкили ин давлат ҳам барои Чину Русия хатарзо аст, барои ҳамин ҳам онҳо инро намехоҳанд.”