Барканории 8 корманди ТВ “Баҳористон” ва вокуниши Ганҷина
Шабакаи телевизионии «Баҳористон» дар нимсолаи аввали соли равон 8 корманди худро аз вазифа озод намудааст.
Зевар Давлатова, директори телевизиони мазкур имрӯз, 12-уми июл, дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизони ва радио гуфт, кормандонашро барои риоя накардани тартибу низоми корӣ аз кор сабукдӯш кард. Вай иброз дошт, "тартибу низом дар ниҳодҳои давлатӣ ба ҳамагон маълум аст ва бемасъулиятӣ боиси сабукдӯшӣ аз вазифа мешавад."
Ин дар ҳолест, ки Ганҷина Собирова, корманди шуъбаи танзими барномаҳои телевизиони «Баҳористон», гуфтаҳои Зевар Давлатова, директори телевизиони мазкурро, рад намуд. Хонум Собирова 12 июл дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, Зевар Давлатова ӯ ва 7 нафар ҳамкоронашро аз кор озод накардааст, балки онҳоро таҳти фишор қарор додааст, то маҷбуран аризаҳои худро нависанду аз кор бароянд.
Ганҷина Собирова гуфт, “дар шуъбаи мо нафарони бемасъулият набуд, ҳар нафаре, ки дар ин шуъба кор мекард, кори худро бо тамоми нозукиҳояш анҷом медод. Ростӣ, намедонам, чаро ӯ нисбат ба мо чунин гуфтааст.”
Бояд зикр намуд, «Баҳористон» ягона телевизиони кӯдаконае мебошад, ки дар сартосари кишвар дар бораи ҳаёти кӯдакон барнома пахш мекунад.