Ба ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” маҷмааи фароғатӣ бунёд мешавад
Ба ҷои кинотеатри Тоҷикистон дар ноҳияи Строгинои шаҳри Маскав, маҷмааи бузурги фароғатию фарҳангӣ бунёд мешавад, ки ҳамзамон кинотеатрро низ дар бар хоҳад гирифт.
Дар ин бора ба хабарнигорҳо Владимир Говердовский, префекти Маскави ҷанубу ғарбӣ хабар дода, афзудааст, ки дастуроти Сергей Собянин, раиси вақти Маскав дар ин бора моҳи майи соли равон содир шуда буд.
Кинотеатри Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Маршал Кутуков ҷойгир аст, зерсохтори “Московское кино” буда, чандест, ки ба сифати кинотеатр кор намекардааст. Ин кинотеатри иборат аз ду толор соли 1982 ифтитоҳ ёфта, ҳамчун кинотеатр то соли 2001 кор кардааст. Аз охири солҳои 90-ум бинои кинотеатр барои тиҷоратҳои гуногун ба иҷора дода мешудааст.