Ҳатто аз тариқи Яндекс ва Google озодона сана ва соати фиристодани смс-ҳоро метавон ба осонӣ дайн намуд. Ҳамчунин, баъзе аз смс-ҳо маълумоти дигари шахсӣ, аз қабили рақамҳои нақлиёти шахсӣ, рамзу логинҳои серверҳои гуногуни моливу инфиродиро доро будаанд.
Дар ҳамин ҳол ширкати «Мегафон» ба гуноҳи худ иқрор карда, гуфтааст дар ҳоле ки дар 1 соат аз тариқи ин ширкат беш аз 2 миллион смс мегузарад, ҳамагӣ 8- ҳазор смс-ҳо ба интернет рехтаанд. Феълан, мутахассисони ин ширкат навоқиси техникиро пайдо ва бартараф кардаанд,гуфтааст намояндаи ширкати «Мегафон» Юлия Дорохина.
Дар ҳамин ҳол сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ба зердастонаш супориш додааст, то қазияи роҳ ёфтани смс-ҳо ба интернет ва дигар маълумоти шахсиро ба пуррагӣ омўзанд ва натиҷаи ин кор масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноиро матраҳ хоҳад кард, гуфтааст ў.
Ёдовар мешавем, ки қонунгузори Русия барои дахолат ба иртиботи шахсиро ҷаримаи 80 ҳазор рублро барои 1 ҳолат пешбинӣ мекунад.{jathumbnail off}