Изҳороти «Барқи Тоҷик» дар мавриди тағйироти кадрию сохторӣ
«Барқи Тоҷик» бо пахши як изҳорот тағйироти сохторию кадриро дар ин ширкат шарҳ дода, таъкид кардааст, ки ин ширкат ба ду қисм тақсим нашудааст.
“Барқи Тоҷик” ташреҳ додааст, ибтидо аз 1 июли соли ҷорӣ бо фармони раиси ШСХК «Барқи Тоҷик», сохтори раёсати «Фурўши барқ» соҳиби ваколати зиёдтар гардид ва роҳбарияти он иваз шуд. Мақсад аз ин барҳам додани камбудиҳо дар ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, кам намудани қарз ва тақвияти кор бо қарздорон мебошад.”
Бино бо изҳороти “Барқи тоҷик” раёсати «Фурўши барқ» бо ин гуна имтиёзу ваколат аз соли 2001-ум вуҷуд дошт, вале соли 2010 раёсат чун сохтори алоҳида аз байн бардошта, дар маҳалҳо он ба Шабакаҳои барқ пурра тобеъ гардид: “Вақт ва вазъият исбот намуд, ки вуҷуд доштани Раёсати мухтори «Фурўши барқ» зарур аст. Акнун ин сохтор мушаххас ба ҷамъоварии маблағ ва дигар амалҳои ба пардохти ҳаққи барқи истифодашуда вобаста машғул мегардад ва Шабакаҳои барқӣ бошанд, пурра ба корҳои техникии таъмиру таҷдиди таҷҳизот ва қабулу интиқоли барқ.”
Дар мавриди роҳбарияти раёсати нави мухтор “Барқи тоҷик” овардааст, ки роҳбарии раёсати «Фурўши барқ» ба Амонулло Саъдуллоев - мутахассиси соҳаи иқтисодиёт ва энергетика, ки пеш муддати даҳ сол директори кулли корхонаи фаръии таъминоти моддӣ - техникии «Тоҷикэнергоснаб» буд, вогузор шуда, сармуҳандиси он Алихон Шарифов ва муовини сардор Сафаралӣ Саъдуллоев, ки ҳарду солҳои зиёд роҳбарии Раёсати «Фурўши барқ»-ро ба ўҳда доштанд, таъин гардидаанд. Ширкат таъкид намудааст, ки байни Саъдуллоеви роҳбар ва Саъдуллоеви муовин ба ғайр аз он, ки ҳамнасабанд, ягон умумияти хешутаборӣ мавҷуд нест.
Амонулло Саъдуллоев, ки роҳбари раёсати нав таъин гардидааст, бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додараруси раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Дар пайи ин тағйирот рӯзи гузашта, 11-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик»-ро аз вазифа барканор намуда, ба ҷояш Аслӣ Назаровро таъин намудааст. Далели барканории Ёров вазъи саломатияш арзёбӣ мешавад.