Асадуллоҳ Раҳмонов: “Ман ба Додоҷон ягон диски тӯйро надодаам” (НАВШУДА)
Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизион, гуфт, ӯ ба Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, навори тӯйи Рустами Эмомалӣ -- писари раисиҷумҳури Тоҷикистонро надодааст.
Оқои Раҳмонов, ки рӯзи 12 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо дар бойгонии худ чунин наворро надоштанд ва намедонанд аз кадом тариқ ба дасти Додоҷони Атовуллоҳ расидааст.
“Ин гуна туҳматро бисёр шунидаем. Ин гапи занакҳои лаби об аст. Ягон наворбардори мо дар ин тӯй иштирок накардааст ва ҳеч гуна таҳқиқот ҳам дар ин бора анҷом надодаем. Ин ҳамааш бофтааст, бовар накунед. Он барномаеҳое, ки дар барои ободониҳои Тоҷикистон пахш мекунем, посух ба ин гапҳои беасосанд.”,-афзуд ӯ.
Дар мавриди қатъи дастрасӣ ба шабакаи “К+” (Қазоқистон), ки навори тӯйи писари раисиҷумҳур тариқи он пахш гардид, Асадулло Раҳмонов гуфт, ки дар ин кор даст надоранд. Ӯ гуфт, дастрасии сокинони Тоҷикистон ба барномаҳои ин телевизион тариқи моҳвора аз онҳо вобаста нест. Оқои Раҳмонов афзуд, барои қатъи дастрасӣ ба барномаҳои “К+” таҷҳизот зарур аст, ки онҳо чунин таҷҳизот надоранд ва аз ҷои дигар ҳам наовардаанд.
Пахши тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “K+” дар ду моҳи пеш тавассути Додоҷони Атовуллоҳ вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар пайи пахши ин навор мақомот дастрасӣ ба шабакаи Ютуб ва ҳамчунин торнамои “K+”-ро масдуд карда, нашрияҳои давлатӣ матолиби интиқодиеро алайҳи оқои Атовуллоҳ ба табъ расонданд.
Раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор" гуфта буд, ин навори тӯйро аз Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дастрас кардааст.