Суғд: Дари масоҷиди бастаро барои таровеҳхонӣ кушоданд
Мақомоти Идораи дини вилояти Суғд мегӯянд, дар моҳи шарифи Рамазон барои адои намози таровеҳ дари чанде аз масоҷиди бастаро боз кардаанд.
Абдулҳаким Шарифов, масъули ин идора, ки дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, гуфт, ин амал муваққатан дар моҳи Рамазон сурат гирифта, баъд аз он дари масоҷид дубора баста хоҳад шуд. “Аз номи масҷидҳои басташуда ба идораи мо мактуб омад, ки муваққатан дар моҳи шарифи Рамазон барои адо кардани намози таровеҳ иҷозат диҳем. Кӯшиш мекунем, то дар моҳи Рамазон барои адо кардани маросими динӣ монеа эҷод нашавад”,-афзуд ӯ.
Дар тӯли чаҳор соли охир, дар пайи қабули қонуни нави дин дар вилояти Суғд дари 88 масҷид баста шудааст. Аз ин ҳисоб 41 масҷид дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир будааст.
Абдуҳаким Шарифов гуфт, аксари ин масоҷид ба далели ин ки асноди расмии худро пешниҳод накардаанд, баста шудаанд: “Агар дар вақташ ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд ва ҳуҷҷатҳо ба талабот ҷавобгӯ бошад, ягон хел монеа нест. Ҳоло 15 масҷиди дигар барои ба қайдгирӣ ба Кумитаи дин пешниҳод карда шудааст, ки дар баррасӣ мебошад”
Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 90 масҷиди ҷомеъ ва 932 масҷиди панҷвақта амал мекунанд, ки аз қайди расмии Кумитаи дини Тоҷикистон гузаштаанд.