Пойгоҳи 201 дар феҳрасти 20 калонтарин пойгоҳҳои низомии ҷаҳон
Рӯзномаи “The Telegraph”-и Британияи Кабир рӯйхати 20 пойгоҳи низомии калонтарини ҷаҳонро, ки абарқудратҳо дар берун аз қаламрави худ, ба истиснои Афғонистон доранд, нашр кардааст ва пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон низ ба он ворид гардидааст.
Пойгоҳи 201-ум бо 7 ҳазор низомӣ дар феҳрасти 20 калонтарин пойгоҳи низомии ҷаҳон ҷойи 19-умро соҳиб шудааст. Нашрия менависад, муҳлати ҳузури ин пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон соли 2014-ум ба охир мерасад, аммо созишномаи нави имзонамудаи президентҳои Русия ва Тоҷикистон муҳлати будубоши низомиёни русро дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид мекунад.
Аз 20 пойгоҳи калонтарини низомӣ дар ҷаҳон 9 ададаш ба Британияи кабир, 7 адад ба Амрико, як адад ба Фаронса ва се тои дигараш ба Русия тааллуқ доранд, ки якеаш дар Тоҷикистон ҷойгир аст.