Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо клуби «Истиқлол» қувва меозмояд
Шанбеи 13-уми июл, дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии ҷумуриявӣ (Душанбе) тими миллии наврасон (U-16) бо бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе вориди сабқат мешавад. Оғози бозӣ: 18.00.
Бино ба иттилои ФФТ, Чикаши Сузуки, сармураббии тими наврасон ба ин дидор 18 бозигарро даъват кардааст. Инҳо дарвозабонҳо Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Беҳрӯз Хайриев («Норак»), ҳимоятгарон Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳар ду аз МҶООВ), Фируз Ризомов («Вахш»), Абубакр Азимов («Равшан»), Сироҷиддин Гулмамадов («Норак»), нимҳимоятгарон Муҳаммади Ҳасан («Равшан»), Кароматилло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳар ду аз «Вахш»), Суҳроб Муминов (МҶООВ), Саидҷон Шарипов («Эсхата»), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммад Шарипов (ҳар ду аз МҶООВ), ҳамлагарон Рустам Толибов, Собир Гуляков, Ҳаким Ҳасанов (ҳар се аз МҶООВ) ва Ҳикмат Муллодустов («Саройкамар»).
Торнамои расмии «Истиқлол» навиштааст, ки дар ин дидор даста дар ҳайати омехта сафарбар мешаванд.