Фатво: Амалҳои террористӣ ҳаром аст
Беш аз 50 рӯҳонии аршади Покистон алайҳи фидоиёни маргталаб, куштори меҳмонони хориҷӣ ва ҳамаи дигар намуди терроризм фатвои дастҷамъие содир кардаанд.
Ин фатво дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди сунниҳои Покистон эълон шудааст. Соҳибзода Ҳомид Ризо, раҳбари шӯро ба аъзои он пешниҳод кардааст, то зери амре имзо гузоранд, ки таркиш, қатлҳои амдӣ (барқасдона) ва дигар навъҳои терроризмро «ҳаром» ҳукм мекунад.
«Худкушӣ ҳаром аст. Куштор баъд аз ширк дуюмин гуноҳи азим маҳсуб меёбад, куштори меҳмонҳои хориҷӣ ва донишҷӯён ҷинояти бадтарин буда, дар Ислом комилан манъ карда шудааст», -гуфта шудааст дар фатво.
Дар идомаи фатво омадааст, «таркишҳо дар беморхона, мактаб, ибодатгоҳ, бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маконҳо ҷиҳод нест, балки бадтарин ҷиноят аст. Онҳое, ки ба чунин амалҳо даст мезананд на ходими дин, балки душмани Исломанд.”