Тақаллубкорӣ сабаби аз сохтмон даст кашидани «Гавҳар-руд» гардид
Сабаби ба таъхир афтодани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Санги Кар» акнун рӯшан шуд.
Норасоии маблағ, тақаллубкориву иштибоҳи дағали масъулин бойис гардид, ки ширкати «Гавҳар-руд» аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даст кашад ва Тоҷикистонро тарк кард. Раҳматулло Камолов, судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ширкати эронии «Роҳи корвон» барои сохтмони нерӯгоҳи «Санги Кар» дар тендере, ки соли 2004 баргузор шуд, ғолиб омад, вале ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ муяссараш нагашт. Маврид ба ёдоварист, «Гавҳар-руд» ва «Роҳи корвон» ширкатҳои ҳамкор маҳсуб мегарданд.
Зимнан, масъулини ин ширкат барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба суди олии иқтисодӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод сохтанд. Бино ба гуфти Раҳматулло Камолов, онҳо дар аризаашон аз маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика талаб кардаанд, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ ба онҳо иҷоза диҳанд, вале аз сабаби он ки ин ширкат дар оғоз хомӯширо ихтиёр карда буд, бинбар ин барои ҳалли мушкилот дер шуда буд: « Аслан баҳси ин ширкат дар соли 2007 оғоз гардид, вале ба мақомоти судӣ соли 2011 муроҷиат карданд, гузашта аз ин дар тендере, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд гузаронида шуд, на танҳо ширкати «Роҳи корвон» балки ширкати «Гавҳар-руд» низ ғолиб омада буд. Дар ин ҷо саҳми ширкати «Гавҳар-руд» 70% ва «Роҳи корвон» 30%-ро ташкил медиҳад. Яъне ҳар ду ширкат бояд дар сохтмон фаъолият мекарданд, лекин ширкати «Роҳи корвон» ба тақаллубкориҳо даст зад, бинобар ин ширкати «Гавҳар-руд» аз ҳамкорӣ даст кашида Тоҷикистонро тарк намуд». {jathumbnail off}