Далоили ҷобаҷойи қудрат дар Қатар: моҳияти робитаи Дуҳа бо Ихвонулмуслимин
Коршиноси масоили минтақа бо ишора ба инки тағйирот дар Қатар ҳамсу бо манофеъи Амрико буд, гуфт: ҷавонгароӣ дар Қатар хостаест, ки Амрико дар дигар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистон ҳам дунбол мекунад.
Комрони Карамӣ, коршиноси масоили Халиҷи Форс дар гуфтугуи тафсилӣ бо хабарнигори байналмилалии хабаргузории "Форс" бо ишора ба инки тағйироти ахир дар сохтори қудрат дар Қатар амре матлуб барои Амрико аст, таъкид кард, ки ҷавонгароӣ дар Қатар хостаест, ки Амрико дар дигар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистон дунбол мекунад.
Вай ин тағйиротро бо мувофиқати Амрико донист ва афзуд: Қатар ин тағйиротро барои ҳамсу шудани бештар бо низоми иқтисоди ҷаҳонӣ анҷом додааст.
Ин коршиноси масоили Ховари Миёна бо ишора ба инки нигаронӣ аз хатари кудито дар Қатар яке аз далоили аслии тағйири раъси ҳирами қудрат дар ин кишвар буда, иброз дошт, ки буъди аслии таҳаввул дар Қатар дохилӣ аст.
Вай бо баёни инки равобити Қатар бо Ихвонулмуслимин фоқиди бастари таърихӣ аст, таъкид кард, ки Дуҳа аз Ихвон истифодаи абзорӣ мекунад ва ҳар гоҳ Амрико нисбат ба ин робита зовия дошта бошад, равобити ду тараф қатъ хоҳад шуд.Матни комили ин гуфтугу ба зер омада аст.
Форс: ба назари шумо чаро дар шароити феълӣ тағйироти ахир дар сохтори сиёсии Қатар руй додааст?
Карамӣ: масъалаи тағйироти сиёсӣ дар сохтори қудрати Қатар муддат замонест, ки дар маҳофили сиёсии ин кишвар бахусус хонадони ҳоким мавриди баҳс буда ва ба далели бемории шайх Ҳамад Бин халифаи Оли Сонӣ аз яксу ва бим аз вуқуъи кудито, ки Қатар собиқа дорад, аз суи дигар муҷиб гардида то Амири Қатар ба ин натиҷа бирасад, ки қудратро ба фарзандаш -Шайх Тамим интиқол диҳад.
Зимни инки неруҳои ҷавонро вориди сохтори сиёсии қудрат созад, то ояндаи Қатарро аз ҳайси ҳамгароии бештар бо низоми иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамвор созад.
Форс: чӣ робитае байни ин масъала бо буҳрони Сурия ва интиқодҳои Амрико аз Қатар ба далели ҳимоят аз гуруҳҳои тундрави Ал-қоида дар Сурия аст?
Карамӣ: иртиботи маънодоре вуҷуд надорад чаро , ки ин тағйирот масъалае дохилӣ маҳсуб мешавад. Пазириши нақши Қатар ва бозигарии он дар сатҳи минтақаӣ қатъан бо ризояти Амрико буда ва дар ин миён қатариҳо ҳам манофеъи худро ба шакле, ки дар пайванд бо қудратҳои бузург бошад, дунбол кардаанд.
Масъалаи дуюм ин аст, ки ин тағйироти сиёсӣ мунҷар ба тақвияти нақши Қатар дар сатҳи минтақа хоҳад шуд ва ҳамгароии бештар бо низоми байналмилал бахусус иқтисоди ҷаҳонӣ; аз ин ру агар интиқоде бошад ба навъи амалкарди якмақтаъӣ аст ва на ба моҳият ва сатҳи бозигарии ин кишвар.
Форс: ба назари шумо ин тағйир решаи дохилии сирф дорад ё решаи хориҷӣ дорад ва тарафи сеюми ин таҳаввулотро ҳидоят кардааст?
Карамӣ: бахши аъзаме аз масъалаи тағйироти сиёсӣ дар Қатар дохилӣ буда ва то ҳудуди зиёде ба иродаи Амири Қатар бармегардад, ки ҳол чи ба шакли ризоятбахши он ва чи ба шакли иҷборомез сурат гирифта бошад, аммо падидаи ҷадидеро ба хусус дар миёни подшоҳиҳои Халиҷи Форс бунён гузоштааст, ки аз назари бисёре аз пажуҳишгарони сиёсӣ қобили таваҷҷуҳ аст.
Ҳарчанд интиқоли қудрат дар Қатар ба шакли меросӣ сурат гирифт, аммо нуктаи муҳиме, ки дар ин тағйирот вуҷуд дорад, дарки нухбагони сиёсии Қатар аз масъалаи замонмадорӣ аст. Ҳокимият дар кишварҳои арабӣ ин воқеиятро мусаллам намуд, ки адами ҳамроҳӣ бо руҳи замона чӣ хисоратҳоеро барои миллатҳои минтақа ва сармояҳои модӣ ва инсонӣ бар ҷой гузоштааст.
Бинобарин дар канори ин тағйирот, паёмадҳои ҷавонгароӣ дар сохтори сиёсии Қатар амрест, ки матлуби Амрико низ мебошад, масъалае, ки амрикоиҳо дар Арабистон ва сойири шайхнишинҳо ҳам ба он роғиб ҳастанд. Аз ин ру ин масъалаи дохилӣ дорои паёмадҳоест, ки дар солҳои оянда зимни таҳкими нақши Қатар дар сатҳи минтақа, ба ҳамгароӣ ва иртиботи бештар бо қудратҳои бузург ва дар раъси онҳо Амрико ва Англия мунҷар хоҳад шуд.
Форс: бо таваҷҷуҳ ба тағйироти суратгирифтаи оянда иртиботи Қатар бо Ихвон ва салафиҳоро чи тавр мебинед?
Карамӣ: иқдомоти Қатар дар иртибот бо Ихвон ва гуруҳҳои салафӣ дарвоқеъ бахше аз талошҳои густардаи ин кишвар дар таи як даҳаи гузашта барои миёнҷигарӣ ва ифои нақш дар мунозиъоти минтақаӣ аст.
Бар хилофи робитаи роҳбурдии Арабистон бо ниҳодҳои ваҳҳобият, ки дар бистари таърихӣ шакл гирифта ва таҳким гардидааст. Иртиботи Қатар бо гуруҳҳои салафӣ бавижа Ихвонулмуслимин як робитаи абзорӣ аст , ки Қатар саъй намуда бо баҳрагирӣ аз ин зарфият, дар манофеъи мутасаввир аз ин масъала саҳим гардад.
Масъалаи баъдӣ ҳам ҷойгоҳи Ихвон дар Қатар аст. Бояд гуфт, ки ҳаракати Ихвон замоне оғоз шуд, ки ҳануз лойик ва мудернита вориди ин кишвар нашуда буд ва бистари муносиб ва суннатӣ вуҷуд дошт. Равобит ҳамбастагии ҷомеъаи Қатарро ҳифз мекард ва шароити ҷомиъаи он давраи Қатар б ҷомиъаи Миср мушобиҳатҳои зиёде дошт.
Лизо Ихвон муваффақ ба пешбурди аҳдофи худ дар ин кишвар гардид. Аммо пас аз инҳилол дар соли 1999 равшан гардид, ки масъалаи муҳим фойдаи як иқдоми мушаххас ва мизони қобилияти таҳаққуқи ваъдаҳо ва шиорҳост; чун вуҷуд надорад дар натиҷа доштани ташкилот фоидаи чандоне надорад.