Дарёи Сир дар 10 рӯз шаш нафарро “фурӯ бурд”
Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд мегӯянд, танҳо дар даҳ рӯзи ахири моҳи июни соли ҷорӣ шаш нафар дар дарёи Сир ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд.
Баҳром Додов, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд, ки дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, гуфт, аксари ин ҳодисаҳо дар пайи беаҳамиятии сокинон ва мақомоти Хуҷанд рух додааст.
Вай афзуд, “дар соҳили Сир ҳамагӣ як ҷои оббозӣ муайян карда шудааст ва он ҳам ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Мо чанд бор, ҳатто хаттӣ, ба мақомоти Хуҷанд муроҷиат кардем. Барои он ки ҳамаи осоишгоҳҳо ва ҷойҳои оббозӣ фурӯхта шудааст ва шароит муҳайё нест. Мақомот ҳуқуқ доранд, ки онҳоро барои шароит муҳайё намудан ҷалб кунанд. Сабаби асосӣ дар ҳамин аст.”
Оқои Додов дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар кӯлу дарёҳои вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, 22 тан ғарқ шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳодиса зиёдтар мебошад.