Тағоймуродов гуфт, истифодабарандагони об маълумоти дуруғ пешниҳод мекунанд
Алимурод Тағоймуродов, директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз напардохтани маблағи об аз ҷониби масъулини ташкилотҳои буҷавии кишвар изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, қарзи онҳо дар назди корхона ба 6 миллион сомонӣ расидааст.
Номбурда имрӯз,11-уми июл дар нишасти матбуотии корхонаи мазкур иброз дошт, пешниҳодҳое, ки барои пардохти маблағи бо ба ташкилотҳои буҷавӣ ирсол менамоянд, мутаасифона сари вақт амалӣ намегарданд.
Тағоймуродов дар маҷмӯъ қарзе, ки аз ҳисоби напардохтани маблағи об ба миён омадааст, то ҳол 25 миллион сомонӣ гуфта, қарзҳои кредитории корхонаро 22 миллион арзёбӣ намуд.
Тағоймуродов ҷамъоварии қарзҳо аз ҳисоби обро, аз сабаби пешниҳод намудани маълумоти бардуруғ аз ҷониби баъзе муштариён як навъ мушкил арзёбӣ намуда, баҳри ҳалли ин масъала пурра роҳандозӣ намудани ҳисобкунакҳоро муҳим хонд.
КВД «Хоҷагии манзилию коммунлӣ» дар ин нимсола ба истифодабарандагон ба маблағи беш аз 52 миллион сомонӣ хизмат расонидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 11 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.