Демократияи дурӯғин. Ё Ғарб бо мо ҳарчӣ хоҳад мекунад?
Алӣ МАСТОВ, таҳлилгар
Ҷои тааҷҷуб нест, ки тағйири мафҳум дар ҳама ҷо паҳн шудааст. Аммо намедонистам, маънии “демократия”-ро иваз кардан мумкин аст.
Ҳоло мефаҳмам, мафҳуми “демократия” ё “мардумсолорӣ” бозичаи Ғарб аст, ки аз мундариҷа ва натиҷаҳои имконпазири гуногун, масалан, баланд шудани садои мардум, иборат аст. Яъне, Ғарб танҳо он натиҷаи “демократӣ”-ро “ташкил мекунад”, ки худаш мехоҳад бубинад. Натиҷаи дигар, ҳатто агар мувофиқи хоҳиши мардум бошад, аз нуқтаи назари Ғарб, мардумсолорӣ нест ва ба ҳар роҳ бояд таҷдиди назар ва тағйир дода шавад.
Як сол қабл Муҳаммад Мурсӣ дар муборизаи шаффоф ва боз ғолиб омада, аввалин раисҷумҳури аз ҷониби мардум интихобшудаи Миср гардид. Бо гузашти як сол, ӯро артиш барканор кард ва чуноне маълум мешавад, аз ин ҳолат ҳама “паҳнкунандагон”-и низоми мардумсолор розиянд.
Сабаби расмии табаддулоти ҳарбӣ раҳпаймоии ороми мрадум бахшида ба солгарди аввали интихоботи президент буд. Ягон нафар аз раҳбарони мамолики ғарб табаддулоти ҳарбӣ ва дастгир намудани президенти ба таври қонунӣ интихобшудаи Мисрро маҳкум накард. Ягон нафари онҳо ҳатто ба худ суол надоданд: бо шаҳрвандоне, ки соли гузашта ба ҷонибдории Мурсӣ овоз дода буданд, чӣ хоҳад шуд?
Кӣ назари онҳоро ба инобат мегирад, агар мӯҳраи аслии бозиҳо дар тахтаи Миср, артиш бо тӯпу туфанг аст, на мардум? Дар чунин ҳолат, интихобот чӣ лозим аст, агар аз натиҷаи он чизе вобаста набошад?
Ман ҳоло дар хусуси он ки Мурсӣ чигуна инсон аст ва тӯли ин як сол чӣ тавр дар мансаби президентӣ кор кард, чизе намегӯям, чунки мардуми Миср, ба фарқ аз мамолики зиёди дигар, имкон доштанд пас аз се сол ӯро рад ё дубора интихоб намоянд. Ҳамагӣ се сол, на сӣ сол, мисли роҳбари собиқи кишвар.
Ҳолати монанд дар интихоботи охирини Афғонистон буд, ки ба ғалабаи ниҳоии номзади мухолифин Абдулло Абдулло касе шак надошт. Ҳатто ҷонибдорони Карзай, аз он ҷумла Ғарб, ғайрирасмӣ ғалабаи ӯро эътироф карданд. Аммо азбас натиҷаи раъйдиҳӣ “ғайридемократӣ” буд, он дарҳол ба фоидаи номзади “мамолики демократӣ” таҷдиди назар шуд. Танку туп зери дасташон буд.
Аз чунин амали “паҳнкунандагони” мардумсолорӣ дар Осиё ва Африқо бармеояд, ки ҷорӣ намудани арзишҳои демократӣ ва ҷалби мардум ба ҳаёти кишвар зарурат надорад. Шояд, дар диди онҳо, мо ҳанӯз барои расидан ба ҳаёте бидуни диктатор ва озодии аққалан расмӣ “калон нашудем”.