Банкирҳои тоҷик: Пули калон дар хона ба ҷони соҳиб хатар дорад
Банкирҳои тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳолатҳое, ки нигоҳ доштани пули калон дар хона боиси марги соҳибхона ва ҳатто як хонавода шудааст.
Низом Турсунов, директори Бонки рушди Тоҷикистон дар Хуҷанд ва собиқ директори «Тоҷиксодиротбонк» зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки чандин бор ба соҳибкорон муроҷиат кардааст, то ҷавоҳироти қиматтноки худро дар бонк нигоҳ доранд. Сабаби муроҷиаташонро шарҳ дод, ки таи солҳои ахир ба соҳибкорон таҳдид бештар гардидааст: «Мо ҳам таи ду соли охир баъди ҳодисаҳое, ки дар вилоят ба вуқуъ пайваст, бо фурӯшандаҳои тилловорӣ муроҷиат намудем, то ин ки тиллоҳояшонро дар хонаашон неву дар бонкҳо нигоҳ доранд. Ин бехатар аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пули нақд ва ҷавоҳироти калонро, дар хона нигоҳ намедоранд.»
Турсунов илова намуд, ки барои гузоштани ҷавоҳироти қиматтнок дар ҳамаи ташкилоти қарзӣ шароит муҳайё шудааст ва барои хизматрасонӣ маблағи ночиз гирифта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран шахсони номаълум ба хонаи Бобоев, як тоҷири суғдӣ ворид гардида, 5 нафар аҳли оилаи ӯро ба қатл расониданд. Тибқи фарзияи кормандони мақомоти қудратӣ сабаби ба хонаи Бобоевҳо ворид шудани қотилон ҷавоҳироти қиматтбаҳои ин оила мебошад, ки дар хона нигоҳдорӣ мешудаанд. Гуфта мешавад, ки ин ашхос ба маблағи наздик бар 30 ҳазор доллари амрикоӣ, ҷавоҳироти марҳумро ба яғмо бурдаанд.