Рейтинг: Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷои 63-юм
Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинги нави ҷаҳонӣ дар мақоми 63-юм қарор гирифтааст. Аммо ин тим дар рейтинги кишварҳои Шӯравии собиқ бо 916 имтиёз дар ҷои 10-ум буда, аз кишварҳои Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония пеш аст.
Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои Шӯравии собиқ ва назди Балтика дар феҳристи ҷаҳонӣ: 5. Русия (1697 имтиёз), 8. Украина (1467), 13. Озарбойҷон (1356), 22. Узбакистон (1240), 29. Беларус (1187), 32. Қазоқистон (1167), 37. Қирғизистон (1071), 51. Гурҷистон (959), 53. Латвия (957), 64. Тоҷикистон (919), 68. Литва (876), 69. Молдова (875), 73. Туркменистон (841), 77. Арманистон (814), 106. Эстония (547).
Феҳристи 20-гонаи аввали ҷаҳонӣ: 1. Бразилия (1982 хол), 2. Испания (1975), 3. Италия (1782), 4. Русия (1697), 5. Португалия (1636), 6. Аргентина (1570), 7. Эрон (1532), 8. Украина (1467), Ҷопон (1430), 10. Парагвай (1380), 11. Колумбия (1361), 12. Руминия (1358), 13. Озарбойҷон (1356), 14. Сербия (1353), 15. Хорватия (1333), 16. Словения (1317), 17. Тайланд (1312), 18. Чех (1294), 19. Гватемала (1285), 20. Словакия (1266).
Мунтахаби футзали Тоҷикистон соли гузашта дар чемпионати Осиё дар Дубай ҷои 12-умро касб карда буд. Дар ин қувваозмоиҳо ҷои аввал насиби мунтахаби Ҷопон гардида буд.