Номзад номаълум. Назарпурсӣ: Мардум медонад, киро интихоб кунад
Дар ҳоле ки номзадҳои аслии интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ маълум нест, натиҷаи як назарпурсӣ мегӯяд, мардум хуб медонанд, киро интихоб кунанд ва киро не.
Ин назарпурсӣ, ки аз 20-уми май то 3-юми июни соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилоти мустақили таҳқиқотии “Барометри осиёимиёнагӣ” миёни беш аз 1000 нафар анҷом шудааст, муайян намуда, ки аксари аҳолии Тоҷикистон ба таҳаввулоти мусбат дар кишвар бовар доранд.
94 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, аз интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ хабар доранд ва бештар аз нисфашон изҳор доштаанд, ки аллакай медонанд, ба ҷонибдории кӣ овоз хоҳанд дод.
“89 дарсад гуфтанд вазъи иқтисодияшон дар як соли гузашта беҳбуд ёфтааст. 76 дарсади сокинон муътақиданд, ки дар сурати рушди мавҷудаи иқтисодиёт дороии шахсияшон дар ояндаи наздик афзоиш хоҳад ёфт”,-таъкид шудааст дар хулосаи назарпурсӣ.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ, 39 дарсади назардиҳандагон Русия, 13 фоиз Чин ва 10 дарсад Эронро муҳимтарин шарик Тоҷикистон гуфтаанд. Дар қатори кишварҳое, ки ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд, 24 дарсад Узбакистон, 22 дарсад Афғонистон ва 7 дарсад Амрикоро ном бурдаанд.
Аксарияти мусоҳибон дунявӣ будани Тоҷикистонро пуштибонӣ намуда, 60 дарсад изҳор доштаанд, ки дин бояд дар сиёсати давлатӣ ягон нақше надошта бошад.