Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 70 шиноснома
Як шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи пулиси шаҳри Маскав боздошт гардидааст, ки аз ӯ беш аз 70 шиноснома дарёфт кардаанд.
Хабаргузории русии “Итар-Тасс” мегӯяд, пулиси шаҳри Маскав як муҳоҷири 40-солаи тоҷикро боздошт карда, ки бо худ 43 шиносномаи марбут ба атбои Тоҷикистону Узбакистонро доштааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз хонаи ин шаҳрванди тоҷик боз 28 шиносномаи дигар, кортҳои холии муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳр аз ширкатҳои мухталифи масъулияташ маҳдуд ва 555 ҳазор рубли русию 1 ҳазору 700 доллар дарёфт кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, барои гузаронидани корҳои тафтишотӣ ҳоло ҳуҷҷатҳо ба мақомоти тафтишотии шаҳри Маскав супорида шудаанд