Вазир хостори даромади бештар зимни интиқоли ҳоҷиён шуд
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири назоратияш ба Суҳроб Ҷӯраев, сардори авиатсияи граждании кишвар дастур додааст, ки аз парвози тайёраҳо зимни интиқоли ҳоҷиёни тоҷик дар мавсими имсола босамар истифода баранд.
Вазири нақлиёт гуфтааст, зимни интиқоли зоирин гоҳ аз он ҷониб ва гоҳ аз ин ҷониб тайёраҳо холӣ мераванд ва бояд парвози онҳо оқилонаву даромаднок истифода шавад: “Масалан аз он сӯй «Оби шифои Зам-зам» ва аз ин сӯй сабзавоту меваи тарру тоза ё ангур интиқол дода шавад. Аз таҷрибаҳои кори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» истифода бурда, дар баъзе мавсиму аксари мавридҳо тахфифҳои мухталифро низ ҷорӣ кардан ба манфиати соҳа аст.”
Вазир таъкид намудааст, ки барои зоирини тоҷик хидмати олӣ ва мадании нақлиёти ҳавоӣ ироа карда шавад.
Имсол дар назар аст, ки аз Тоҷикистон ҳаҷро ҳудуди 6 ҳазор зоири тоҷик зиёрат кунанд ва якумин парвоз бо зоирин аз Душанбе 20-уми сентябр дар дар нақша аст.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо.