“Розӣ нестам, ки имомхатибон аз ҳисоби ман маош гиранд”
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива+”, мегӯяд, таъини маош барои имомхатибони масоҷид баҳсбарангез буда, ҳукумат қабл аз натиҷагирӣ бояд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат кунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи чоруми июл ба Кумитаи дин дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ барои имомхатибон либоси ягона фармоиш дода, барояшон маош таъин бикунад.
Хонум Бобоназарова мегӯяд, ин маош на аз фонди захиравии касе, балки аз буҷаи давлат пардохт хоҳад шуд, ки аз ҳисоби андози сокинон аст. “Ман ба ҳеч ваҷҳ намехоҳам, андози ман барои таъмини ниёзи як имомхатиб сарф шавад. Имомхатиб қабл аз ходими динӣ буданаш, бояд ҳатман ягон касб дошта бошад, фаъолияти берун аз масоили динӣ кунад”,-гуфт ӯ.
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, агар андози мардумро барои бунёди як хонаи кӯдакон, корхонаи хурд, мактаб ва ё умури тандурустӣ равона кунанд, қобили қабул аст. Дар ғайри сурат, мегӯяд ӯ, агар ҳукумати Тоҷикистон имомхатибонро аз ҳисоби буҷа бо моҳона таъмин карданист, пас, ҷомеаи шаҳрвандиро низ бо маош таъмин бикунад.