“Тоҷикстандарт” намаки мусодиракардаро дар роҳҳо мепошад
Анқариб 16 ҳазор тонна намаки ошии ғайристандартӣ пас аз мусодира аз ҷониби кормандони “Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон, ҳамчун хӯроки чорво ба фермаҳои чорводорӣ ва баҳри об кардани яхи роҳ дар айёми зимистон ба идораҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ супурда шудааст.
Илҳомиддин Валиев, раиси “Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон, ин иттилоъро тасдиқ намуда, афзуд, ки истеҳсол ва фурӯши ин гуна намак аз аввали сол дар панҷ ҳолат дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Ҷиликӯл, Ҳамадонӣ, Восеъ фош карда шудааст.
Дар ин росто, табибони Маркази бемориҳои ғадуди дарунаи вилояти Хатлон аз афзоиши бемории ҷоғар, бинобар истеъмоли намаки йоднокарда изҳори нигаронӣ намуда, иттилоъ медиҳанд, ки “айни замон дар қаламрави вилояти Хатлон расман 25 ҳазор нафари мубталои бемории ҷоғар ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи бештарашон кӯдакони синни мактабӣ ва занони ҷавон мебошанд.
«Мутаассифона, 40 дарсади занони аз 18 то 30-сола ё ба худ занҳои қобили таваллуд дар вилояти мо аз бемории мазкур ранҷ мекашанд, ки ин рақам бисёр нигаронкунанда маҳсуб меёбад»,-изҳор дошт табиби маркази номбурда Илёсиддин Саидов ва таъкид кард, ки “бемории ҷоғар метавонад дар баъзе маврид ба ҷони модару кӯдаки даруни батн таҳдид ҳам намояд."