Имкони ирсоли парвандаи Зайд Саидов ба додгоҳ
Як манбаъ аз Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, тафтиши парвандаи Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи Ҳизби Тоҷикистони нав, ба марҳилаи ниҳоияш наздик шудааст. Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, қарор аст, дар наздиктарин фурсат ин парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардад.
Аммо Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, мегӯяд, ҳоло Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон имкони ирсоли парвандаи нафари таҳти ҳимояташро ба додгоҳ надорад. “Баҳсҳои мо атрофи санади Оҷонси зидди фасод ва Кумитаи андоз идома дорад. Мо бо хулосаи Кумитаи андоз ва Оҷонси зидди фасод розӣ нестем”,-афзуд ӯ.
Вакили мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, қонун муҳлати аввали баррасии парвандаро то ду моҳ пешибинӣ кардааст, аммо онҳо ҳақ доранд, тафтишоти парвандаро то 6 моҳ дароз кунанд. “Аз ин хотир, ҷамъбаст кардани парвандаи Зайд Саидов бармаҳал аст”,-гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи даҳуми июли соли ҷорӣ дар нишасти Кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Женева низ мавзӯи Зайд Саидов баррасӣ шуд. Яке аз аъзои ин Кумита хитоб ба ҳайати Тоҷикистон гуфт, оқои Саидов ба ҷиноятҳои иқтисодие муттаҳам мешавад, ки гӯиё ҳангоми вазири саноат буданаш содир кардааст. Ӯ афзуд, Зайд Саидов ҳанӯз соли 2007 аз ин мақом барканор шуд ва чаро бояд дар соли 2013 боздошт шавад, соле, ки интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор мегардад?
Зайд Саидов рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Оқои Саидов ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бсиёрзанӣ муттаҳам мешавад.