Вазорати нақлиёт хостааст, “Қарамиқ” гузаргоҳи байналмилалӣ шавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки ба гузаргоҳи Қарамиқ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мақоми байналхалқӣ дода шавад.
Тавре аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ин пешниҳод зимни муҳокимаи Созишномаи ҳамлу нақли байнисарҳадӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар вохӯрии Худоёр Худоёров , муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд ироа гардид.
Худоёр Худоёров иброз намудааст, ки ҳамлу нақл тавассути гузаргоҳи Қарамиқ нисбат ба солҳои пеш хеле кам шудааст ва сабабаш он аст, ки гузаргоҳ танҳо мақоми ҳамлу нақли дуҷониба дорад: «Тавассути он ҳамлу нақл ба кишвари сеюм иҷозат дода нашудааст. Аз Чин тавассути Қарамиқ ба Афғонистон кашондани бор иҷозат нест».
Худоёров иброз доштааст, ки пешниҳоди дигари ӯ ин аст, ки меъёри ҳуҷҷатгузорӣ дуруст ба роҳ монда шуда, марҳилаҳои назорати гумрукӣ ва нақлиётӣ дида баромада шаванд.
Муовини вазир оид ба мушкилоту монеаҳо дар ҳамлу нақли байнисарҳадии бор тавассути нақлиёти автомобилӣ мухтасар маълумот дода, қайд намудааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон Созишномаи ҳамлу нақли байнисарҳадӣ доранд, ки он соли 2010 ба имзо расидааст ва Афғонистон ҳам хоҳишманд аст, ки ба ин созишнома ҳамроҳ шавад: « Оид ба ин масъала протокол ба имзо расида, мавриди таҳлил қарор дорад».
Прадит Шривастава, сармутахассиси Бонки Рушди Осиё изҳор доштааст, ки созишномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамлу нақли байнимарзӣ ва интиқоли бор чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он аҳамияти муҳим дорад: «Созишнома танҳо варақи тартибдода нест, балки аз пушти он кори калон ба нақша гирифта шудааст ва он бояд амалӣ гардад. Барои БОР зарур аст, ки фикру дархостҳои шумо дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи Вазорати нақлиёт дар амалӣ намудани Созишнома ва пешниҳодот оид ба дастгирии техникӣ ба инобат гирифта шавад».