Ифтитоҳи ду парванда барои фурӯши ғизои пастсифат дар Қӯрғонтеппа
Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа алайҳи як зану як марди дӯкондори ин шаҳр бо ҷурми поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон парвандаи маъмурӣ боз намудааст.
Баҳриддин Бозоров, додситони шаҳр, мегӯяд, Бахтиёр Болтаев дар мағозаи хӯроквории воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, хиёбони Ваҳдат, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи «Рамз» ҳамчун роҳбар ва фурӯшанда кор карда, дидаю дониста бо мақсади ба даст овардани фоида, маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертификати сифатро ба фурӯш баровардааст.
Нафари дигар, Лӯъбат Ҳазраткулова, фурӯшандаи мағозаи хӯроквории воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, хиёбони Ваҳдат, бинои №74 низ айнан бо содир кардани ҳамин кирдор гунаҳкор дониста мешавад.
Додситон мегӯяд, нисбат ба ин нафарон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.