“Googlе-и ҳалол”, ҷустуҷӯгари исломӣ, фаъол шуд
Дар интернет хадамоти ҷустуҷӯгари «Googlе-и ҳалол» фаъол шудааст. Ин хадамот монеи паҳн шудани маълумоте мешавад, ки ба қавонини Ислом мухолифанд. The Express Tribune навиштааст, хадамоти ҷустуҷӯгари ҳалол мутобиқ ба қавонини Ислом, дин ва фарҳанг сохта шудааст.
Halalgoogling дар қолаби пойгоҳи маъруфи интернетии ҷустуҷугари Google фаъол буда, аммо бо он фарқ мекунад, ки ба таври худкор дастрасӣ ба матолиби ба шариати Ислом мухолиф ва таҳвинкунандаи динро номумкин мегардонад.
Ба навиштаи The Daily Caller хадамоти ҳалоли интернетӣ ҳамчунин ба манбаъҳои интернетии мазмуни порнографӣ, ҳамҷинсгароӣ, қиморбозӣ, тарғиботи зиддиисломӣ дастрасӣ надорад.
Гуфта мешавад, барои таъсиси чунин як хадамоти ҷустуҷӯгар як тими бузурги коршиносон аз тамоми ҷаҳон заҳмат кашидаанд. Зарурати роҳандозии чунин як тарҳро созандагони он нигаронии 1,5 миллиард мусулмони сайёра дар мавриди иттилои зиёди ба тарбияи исломии ҷавонон таъсири манфигузор арзёбӣ кардаанд.
Онҳо мегӯянд, вазифаи хадамоти ҷустуҷӯгари ҳалол бароварда сохтани ниёзҳои ҷомеаи мусалмонҳост, то ҳар нафари онҳо тавонанд, маълумоти заруриро мутобиқ ба шариати Ислом пайдо созанд.