84 ҳазору 787 сокини Хатлон дипломи олӣ доранд
Аз 2 миллиону 841 ҳазор сокини вилояти Хатлон 84 ҳазору 787 нафар таҳсилкардаи макотиби олӣ ва 21 ҳазору 902 нафар фориғуттаҳсили дабистонҳои олии нопура эътироф гардида, 612 ҳазору 655 нафар ба рӯйхати билкулл таҳсилдидаҳо шомил карда шудаанд.
Ҷӯрахон Ашӯров, корманди масъули намояндагии Агентии омори кишвар дар вилояти Хатлон бо таъйид аз ин иттилоъ, афзуд, ки аз ҳисоби наздик ба 3 миллионнафараи сокинони вилоят дигарон, яъне 351 ҳазору 733 нафар дорои маълумоти ибтидоии умумӣ, 354 ҳазору 320 нафар дорои маълумоти умумии асосӣ, 942 ҳазору 421 нафар дорои маълумоти миёнаи умумӣ ва 97 ҳазору 335 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.”
Ин манбаъ мегӯяд, на ҳама афроди таҳсилдида дар вилоят соҳиби касбу кор мебошанд. “Масалан, ҷавонон - қувваи кории аз ҳама серталаб, ҳарчанд ҳамагӣ 230 ҳазор нафарашон қобили меҳнат мебошанд, аксарият дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.”