ВИДЕО: Хавфи мардикорони Душанбе аз ташкили бозору пардохти андоз
Мақомоти Тоҷикистон бо ташкили чаҳор бозор мехоҳанд, фаъолияти мардикоронро дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар, расмӣ кунанд.
Раҷабалӣ Гулшанов, як масъули Оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон, гуфт, ҳоло ин тарҳ барои баррасӣ ба Вазорати меҳнат ирсол шуда, ҳукумати Душанбе низ барои сохтмони бозори мардикорон қитъаи замин ҷудо кардааст. Ӯ гуфт, “дар сурати ташкили бозори мардикорон корҷӯ бо пардохти андози муайян ва суғурта (бима) метавонад, фаъолияташро қонунӣ кунад. Дар ин маврид корфармо ҳаққи музди онро пурра пардохт мекунад. Бовар дорам, вақте ҷойи кор ташкил шавад, маҳсулнокии сифати корӣ низ хуб мешавад.”
Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони "Перспектива+” ва коршиноси умури муҳоҷират, аз ин тасмими Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ истиқбол кард ва гуфт, “ҳар коре, ки ба воситаи қонун амалӣ мешавад, хуб аст”. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар аввал бояд масъалаи суғурта ва пардохти андози мардикорон баррасӣ шавад, ки то куҷо барои онҳо мушкилӣ пеш нахоҳад овард.
“Хуб аст, ки суғурта кунанд, то ҳангоми ягон воқеа рух додан, онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки аз ҳисоби ҳамон суғурта ба мардикорон маблағ супоранд. Аммо бояд фаҳмид, ки то кадом дараҷа мардикорон имконияти кор карданро доранд”,-гуфт Бобоназарова.
Аммо бештари корҷӯён дар Душшанбе мегӯянд, таъсиси бозори мардикорон мушкили онҳоро осон накарда, мумкин аст, боз ҳам печидатар кунад. Онҳо хавф доранд, дар пайи қонунӣ шудани фаъолияташон эҳтимол аз маблағи ночизе, ки ҳамарӯза пайдо мекунанд, маҳрум хоҳанд шуд. Ибодуллоҳ, як сокини ноҳияи Восеъ, мегӯяд, тӯли 3 сол аст, ки дар шаҳри Душанбе ба мардикорӣ машғул аст. “Ман аз ҳисоби меҳнати ҳалолам рисқу рӯзиамро меёбам. Ҳар коре, ки ба ман фармоянд, анҷом медиҳам”,-гуфт ӯ.
Аммо мусоҳиби мо мегӯяд, баъзан корфармоёне низ ҳастанд, ки ҳаққи кори онҳоро пардохт намекунанд. “Ҳарчанд дар Тоҷикистонем, аммо намедонем, дар ин сурат ба кӣ муроҷиат намоем. Фақат як роҳ дорем, ин ҳам ҳаволаашро ба Худо супоридан”,-афзуд Ибодуллоҳ.
Ҷамшед, як корҷӯи дигар аз Кӯлоб, ки дар бозори Султони Кабири Душанбе ба мардикорӣ машғул аст, бештар аз набудани ҷойи зист нигаронӣ дорад. Ӯ гуфт, бо додани 5 сомонӣ дар таҳхонаҳо шабро рӯз мекунад. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ба чанде аз ярмаркаҳои ҷойҳои корҳои холӣ низ рафта, ноумед баргаштааст. Чаро ки ба гуфтаи ӯ, “пуле, ки дар чунин ярмаркаҳо барои коргарон таъин кардаанд, ҳатто ба иҷорапулӣ ҳам намерасад”. “Он ярмаркае, ки ташкил мекунанд, барои худнамоӣ ва барои худи раисҳост. Раисҳо аввал мехӯранд, баъд боқимондааш ба мардикорон мерасад”,-таъкид кард Ҷамшед.
Ҳоло муҳоҷирони дохилӣ бештар дар назди бозори “Шоҳмансур”, “Саховат” ва “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бидуни бастани қарордоде кори корфармоёнро иҷро мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар чунин ҳолат бештар ба инсофу виҷдони корфармоён такя мекунанд, чизе ки ба гуфтаи онҳо, камтару камтар боқӣ мондааст.
(Ин матлабро шогирдони Мактаби тобистонаи журналистикаи чандрасонаӣ дар Душанбе омода кардаанд)