35%-и устодони калони ДМИТ аз санҷиш нагузаштаанд
Дар шаш моҳи сипаришуда аз 247 нафар устодони калони беунвони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 35 дарсадашон аз санҷиш нагузаштанд.
Тавре ректори Донишкадаи мазкур, Раҳматулло Мирбобоев иттилоъ дод, барои ҳавасманд гардонидани устодон ба корҳои илмию тадқиқотӣ, санҷиши устодони калони беунвонро ба роҳ мондаанд: “Ин санҷиш ба мо имкон дод, ки дар кадом сатҳ қарор доштани аксарияти устодони калони беунвонро муайян кунем. 35 фоизи ин устодон аз санҷиш нагузаштанд, мо барои онҳо вақт додем, ки омодагӣ бинанд, аз болои таҳқиқоти илмии худ кор кунанд. Муҳлати гузоштаи мо моҳи октябри соли ҷорӣ ба охир мерасад.”
Ректор таъкид намуд, ки агар 35 фоизи устодони калон дар ин давра ислоҳ нашаванд аз кор озод ё ба сатҳи пасттар, яъне асистент гузаронда хоҳанд шуд.
Раҳматулло Мирбобоев мегӯяд, ин шеваи кор имкон медиҳад, ки “ҳам сатҳи таълимро дар донишкада баланд бардорем ҳам пешбурди корҳои илмиро ба роҳ монем. Бисёри устодони донишкада беунвон мебошанд. Солҳои дароз дар донишкада фаъолият мекунанд, як қисми онҳо аспирантураро хатм карданд, вале то ҳол натиҷаи корҳои илмиашон нест. Аз ҳамин нуқтаи назар санҷиши онҳоро ба роҳ мондем, чун ҳавасманд гарданду корҳои илмии худро пеш баранд.”