“Қуръоннома” бо садои Абдулбосит ва Пирмуҳаммадзода
Муҳаққиқони тоҷик дар ҳамдастӣ бо гуруҳе аз донишҷӯёни эронӣ ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон тарҷумаи Қуръони манзумро бо номи "Қуръоннома" ба нашр расондаанд.
"Қуръоннома", ки дар он тарҷумаи ҷузъи сиюми Қуръон ба шакли манзум даровада шудааст, иборат аз 14 ҳазор байт буда, ба шакли овозӣ, тасвирӣ дар қолаби лавҳи фишурда таҳия ва ба сурати китоб низ бо ду забону се хат, арабӣ, форсӣ ва кириллӣ нашр гардидааст.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар ин лавҳи фишурда, дар аввал сураҳои Қуръон оят ба оят бо садои Абдулбосит, қории машҳури Миср тиловат ва баъдан маънои оятҳо ба сурати назм бо садои Исмоили Пирмуҳаммадзода, руҳонии тоҷик дар қолаби баҳри мутақориб ва вазни ҳамосии шоҳномаи Фирдавсӣ суруда мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, ин асар аз тарафи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба шакли китоб дар ҳаҷми 2 ҳазор нусха чоп шудааст. Ба гуфтаи Маҷид Асадӣ, яке аз муаллифон ва таҳиякунандагони “Қуръоннома”, ин асар дар муддати як сол омода гардида, пас аз бартараф намудани камбудҳои мавҷуда, тарҷумаи манзуми кулли Қуръони каримро оғоз хоҳанд кард.