Тамдиди боздошти 5 ҷавон ва идомаи тафтишот алайҳи афсари амният дар Хоруғ
Мақомоти тафтишотӣ муҳлати боздошти 5 сокини шаҳри Хоруғро, ки дар латту кӯби сохтмончиён аз шаҳри Душанбе, Рустам Тошмуродов ва Алишер Чақалов, муттаҳам мешаванд, тамдид кардааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Манучеҳр Холиқназаров, раиси “Асосиатсияи ҳуқуқшиносҳои Помир” хабар дода, афзуд, ки ба далели ба охир нарасидани тафтишот, мақомот муҳлати боздошти ин панҷ ҷавонро барои як моҳи дигар тамдид намуданд. Ба гуфтаи Холиқназаров аз миёни боздоштшудагон ду нафарашон бевосита дар латту кӯби сохтмончиён ва се нафари дигар барои хабар надодан аз содиршавии ҷиноят муттаҳам мешаванд.
Холиқназаров мегӯяд, ҳамаи боздоштшудагон болиғ буда, қазия таҳти пайгирии ҳуқуқшиносони созмонаш қарор дорад. Латту кӯби сокинони Душанбе, Рустам Тошмуродов ва Алишер Чақаловро аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар Хоруғ, ки охири моҳи апрел сурат гирифта буд, боиси сарусадоҳои зиёде дар ҷомеа гардида буд.
Холиқназаров дар мавриди афсари Кумитаи амнияти миллӣ, ки дар ҳамзистӣ бо духтари ноболиғ аз ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон муттаҳам мешавад, афзуд, ки додситонӣ нисбати ӯ тафтишот оғоз кардааст, аммо то ҳол аз натиҷае хабар надодааст.
Қаблан мақомоти умури дохилии Бадахшон хабар доданд, ки масъули Кумитаи амният дар ноҳияи Ишкошим, Суҳроб Давронов соатҳои 5-и субҳи 2-юми май мавриди латту кӯб қарор гирифтааст ва барои даст доштан дар ин латту кӯб чанд ҷавон боздошт шудаанд. Сокинони Ишкошим мегӯянд, афсари амният дар ҳоле латту кӯб шудааст, ки субҳи барвақт аз хонаи як духтари мактабхон, ки тайи моҳҳои охир бо ӯ ҳамзистӣ мекардааст, берун рафтааст.
Холиқназаров дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид кард, ки воқеан бо иттиҳоми латту кӯби афсари амният се ҷавони ноҳияи Ишкошим боздошт шуда буданд, вале айни ҳол ду нафарашон озод гардидаанд. Ба гуфтаи Холиқназаров ду ҷавони озодшуда аз татбиқи шиканҷа дар мақомоти умури дохилӣ ба додситонӣ шикоят бурдаанд ва тафтиши ҷузъиёти ин қазияҳо идома дорад.