Ҷузъиёти боздошти “кракар”-ҳо дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти муттаҳамон ба киберҷинояткориро дар Душанбе, ки тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ, низоми муҳофизатии ширкатҳои мобилии кишварро шикаста, садҳо ҳазор доллар рабудаанд, ифшо кард.
Ба иттилои ин ниҳод ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Раҳимов Денис Шамилович, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи К.Сеткина, Ҷураев Ҷамшед Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1979, сокини кӯчаи Айнӣ ва Назаров Парвиз Рустамович, соли таваллудаш 1981, сокини кӯчаи Федина бо маслиҳати пешакӣ дар давоми моҳҳои май ва октябри соли 2012 дар суроғаи кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ таҷҳизоти техникӣ 1-адад блоки системавӣ ва 6-дона USB-HUB бо 58-дона 3G модемро гузошта, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизатшаванда ворид шуда, дар он 217-адад симкортҳои ширкати ҶСП «Вавилон М»-ро ба маблағи умумӣ 226 ҳазору 262 сомонӣ ва 217-адад симкортҳои ширкати ҶСП «Индиго Тоҷикистон»-ро ба маблағи 101 ҳазору 298,66 доллари амрикоӣ истифода намуда, ба ширкатҳои номбурда зарари калони моддӣ расонидаанд. ВКД мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қаблан Ҷӯрахон Зоиров, генерали Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки аз соли 2011 то кунун дар Тоҷикистон 15 ҷинояткори кибернетикӣ боздошт шудаанд, ки тавассути интернет аз бонкҳои кишвар ва ширкатҳои мобилӣ маблағҳои ҳангуфт дуздидаанд.