«06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» унвони матлаби рӯзномаи «Имрӯз-News» дар санаи 3-юми марти соли равон аст, ки боиси оғози парванда алайҳи хабарнигори нашрия шуд. Дар ин матлаб Маҳмадраҷаб Шарипов, як ронандаи «Тангем» гуфтааст, нозири роҳ бо рақами сарисинагиии 06008 аз ӯ 10 сомонӣ пора гирифтааст. Муаллифи матлаб Мирзомуроди Бозор оид ба ин қазия ба БДА-и ҷумҳуриявӣ муроҷиат намудааст. Аз дафтари матбуотии ин ниҳод гуфтаанд, ки воқеан ронандае аз қонуншикании нозири роҳ ба онҳо шикоят бурдааст. Масъули дафтари матбуотӣ ба хабарнигор гуфтааст, аз рӯи рақами сарисинагӣ шахсияти нозирро муайян кардаанд, ки як масъули «Воҳиди махсус»-и ВКД будааст ва барои чораандешӣ ба раҳбарияти он дархост фиристодаанд. Баъди нашри ин матлаб Қаландар Назаров, сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати воҳиди махсус алайҳи хабарнигор Мирзомуроди Бозор ва ронандаи «Тангем» Маҳмадраҷаб Шарипов аризаи шикоятӣ навишта иддао дорад, нисбати вай таҳқир ва тӯҳмат кардаанд.