Медали сеюми Тоҷикистон дар Универсиада--2013
Варзишгардухтари тоҷик Гуландом Қаробоева дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳон, ки дар шаҳри Қазони Русия ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин варзишгари тоҷик рӯзи 8-уми июл дар сабқати гуштии камарбандӣ дар вазни то 76 кило ҷойи сеюмро гирифта, сазовори нишони биринҷӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми июл, паҳлавонони тоҷик дар риштаи гуштии камарбандӣ ду медал гирифтанд. Абдуазим Бойназаров дар вазни то 68 кило бо услуби озод сазовори медали нуқра гардид. Варзишгари дигари тоҷик Ибодулло Алибердизода, дар вазни то 62 кило нишони биринҷиро соҳиб шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 42 кишваре, ки то ҳол соҳиби медалҳо гардидаанд, бо 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми 22-юм қарор дорад.
Бозиҳои 27-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён рӯзи 6-уми июл шурӯъ шуда, то 17-уми июл идома хоҳад кард. Ин мусобиқа аз рӯи 40 намуди варзиш баргузор мегардад ва бори нахуст варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш дар он ширкат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 86 варзишгар, 28 мураббӣ, 2 довар ва 3 намоянда аз ҷумла Маликшо Неъматов, роҳбари Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар шомиланд.
Мутаасифона 8 муштзани тоҷик - Файзмамад Малахбеков (49 кг), Асрор Воҳидов (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Музаффар Файзиддинов (60 кг), Фаррух Каримов (64 кг), Назири Пиракӣ (69 кг), Собирҷон Назаров (75 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) ноком шуда, аз ҳарифони худ шикаст хурда, ҳаққи мубориза барои медалҳоро аз даст додаанд.