Манъи фаъолияти тоҷирзанҳои ҳиҷобпӯш дар Узбакистон
Дар яке аз бозорҳои калонтарини Узбакистон фаъолияти тоҷирзанҳои ҳиҷобпӯшро мамнуъ эълон кардаанд.
Ба иттилои расонаи хабарии “Фарғона”, Қайюм Тошматов, раҳбари яке бозорҳои калонтарини шаҳри Тошканд, аз 40 зани соҳибкори бозораш, ки ҳиҷоб ба бар доштаанд, талаб кардааст, то ҳангоми вуруд ба бозор рӯсариҳои худро бигиранд.
Ба гуфтаи Тошматов, мақомти узбак ӯро, ки дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштааст, фавран даъват карда, хостаанд, то меъёрҳои фаъолияти соҳибкоронро назорат намуда, соҳибкоронро аз пӯшидани ҳиҷоб манъ кунад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли 2009 мақомоти пулиси шаҳри Тошканд бо интишори варақаҳои иттилотӣ дар бозорҳо мамнуъ будани пушидани либосҳои исломиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эълон намуда, гуфта буданд, нафаре бо ин навъи либос ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир мешаванд, ба маблағи аз 5 то 15 маоши ҳадди ақал ҷарима баста мешавад.