Аҳолии Қазоқистон аз ҳадди 17 миллион гузашт
Бар асоси омори моҳи июни соли ҷорӣ, шумораи аҳолии Қазоқистон ба беш 17 миллион нафар расидааст.
Тавре хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии омори Қазоқистон иттилоъ медиҳад, тибқи омори 1-уми июни соли 2013-и ин ниҳод, теъдоди аҳолии ин кишвар аз аввали соли ҷорӣ 0,6% афзоиш ёфта, ба 17 миллиону 10,6 ҳазор нафар расид.
Манбаъ мегӯяд, аҳолии манотиқи ҷанубии Қазоқистон аз авоили соли ҷорӣ 25 ҳазор, вилояти Алмаатин 16,5 ҳазор зиёд гардида, ба тартиб аввалӣ ба 2,7 миллион нафар, дуюмӣ ба 1,963 миллион нафар расидааст.
Аҳолии шаҳри Остона, пойтахти ин кишвар 12 ҳазор афзоиш ёфтааст, ки аз ин нишондод 7,2 ҳазор нафар мардуми муқимӣ ва 4,8 ҳазор муҳоҷирон мебошанд ва дар умум теъдоди сокинони ин шаҳр 790,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки шумораи сокинони навоҳии шимоли Қазоқистон дар ҳоли камшавӣ буда, ин нишондод аз 1051 нафар ба 578,4 нафар мебошад.