Ихроҷи се устод ва 500 донишҷӯ аз Донишкадаи молия ва иқтисод
Се нафар муаллимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ҷурми порагирӣ аз донишгоҳ ихроҷ шудаанд.
Дар ин бора имрӯз 9-уми июл ректори Донишкадаи мазкур Раҳматулло Мирбобоев дар нишасти матуботӣ иттилоъ дод.
Раҳматулло Мирбобоев мегӯяд, ин се устодро на Агентии фасод, балки худи масъулини донишкада барканор намудаанд. “Ман порагирии онҳоро шунида бо ҳар яки онҳо сӯҳбат намудам. Дар натиҷа муайян гардид, ки дар ҳақиқат онҳо ба ин кор даст задаанд”.
Инчунин дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Донишкадаи молия ва иқтисод зиёда аз 500 нафар донишҷӯ бо сабабҳои сари вақт насупоридани санҷишу имтиҳон, авбошӣ, ба дарсҳо иштирок надоштан, насупоридани маблағи шартнома хориҷ шудаанд, ки ин нисбат ба соли пеш ду маротиба зиёд аст.
“98 фоизи хориҷшудагон дар бахши шартномавӣ таҳсил доштанд, ки мо бо сабабҳои зикршуда аз Донишкада онҳоро хориҷ намудем. Албатта ин бар зарари донишкада аст, аммо барои мо савияи дониш дар мадди аввал меистад. Ба ин хотир Донишкадаи мо инчунин барои дастгири намудани донишҷӯёни болаёқат, ки пурра ятим ҳастанду дар риштаи шартномавӣ таҳсил доштанд 9 нафари онҳоро ба бахши буҷавӣ гузаронида, барояшон ҳаррӯза роҳкиро дода мешавад”- афзуд Раҳматулло Мирбобоев.