Холиқов: Руҳониён дар мулоқот бо президент вазифаи имонияшонро адо карданд
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, имомхатибон дар мулоқоти ахир бо раисиҷумҳур ба сиёсат дахле накардаанд.
Холиқов, ки имрӯз, 9-уми июл, зимни нишасти матбуотии кумитаи зертобеаш дар Душанбе суҳбат мекард, таъкид намуд, ки имомхатибон дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон танҳо вазифаи инсонӣ, шаҳрвандӣ ва имонии худро иҷро кардаанд: “Онҳо танҳо мавқеъгирӣ карданд то аз Ислом ,гуруҳ ва ҳизбҳои сиёсӣ сӯиистифода накунанд. Ҳамаи суханони имомхатибон дар доираи қонуни озодии виҷдон ва сарқонун буд.”
Дар ҳамин ҳол Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур доштааст, изҳор доштааст, ки аз номи шаҳрвандон дар мавриди аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шикоятҳоеро дарёфт намудаанд. Шаҳрвандон аз он шикоят кардаанд, ки аъзои ҲНИТ ба онҳо гуфтаанд, “агар шумо ба ин ҳизб дохил нагардед, кофар мешавед.” Ба гуфтаи Абдулқодирзода дар интихобот фаъолони ҲНИТ ба шаҳрвандон гуфтаанд, агар дар варақаи интихоботӣ ҲНИТ-ро хат занед, ин раво нест ва дастатон хушк мешавад.
Дар мавриди маош барои имомхатибон Абдураҳимов афзуд, ки ба вазорати молия пешниҳод карданд ва дар назар аст, имомхатибон бо маоши муътадил таъмин гарданд. Ӯ гуфтааст, имомхатибон дар ташаккули динию маънавии мардум саҳми арзанда мегузоранд ва дар аксари давлатҳои мутамаддин ин қадр карда мешавад.
Холиқов гуфт, маош барои имомхатибон дар дастрасӣ ба китобҳо кӯмак мекунад, чун баъзан барои хондани як мавъиза то 40 китобро хондан зарур меояд, ки ҳамаи онҳо пул меистанд.