Ҳудуди 102 тонна меваю ангур ҷамъоварӣ карда мешавад
Корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ дар маъракаи ҷамъоварӣ ва захираи меваю ангур ва ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ саҳм мегиранд.
Аз рӯи маълумотҳо соли равон дар ҷумҳурӣ бояд 68 ҳазору 455 тонна мева ва 34 ҳазору 550 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шавад.
Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, то санаи 18-уми июли соли ҷорӣ 19.016 тонна (28%) мева ва 231тонна (0,7%) ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли мева 18 ҳазор ва нақшаи истеҳсоли ангур бошад 8.900 тоннаро дар бар мегиранд, ки то санаи 18-уми июл 5497 тонна (31%) мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2025 тонна зиёд мебошад. Ангур бошад, ба миқдори 217 тонна (2,4%) ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 37 тонна зиёдтар мебошад. Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли мева 34 ҳазор ва ангур 19 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз 12.980 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ бошад, нақшаи истеҳсоли мева 6.555 тонна ва ангур 6.650 тоннаро дарбар мегирад, ки айни ҳол 539 тонна (8%) мева ва 14,2 тонна (0,2%) ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.{jathumbnail off}