Қосимов: 36 мансабдори нафақахӯр ҷойро холӣ накардаанд
Грез Қосимов, сардори Раёсати хизмати давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, 36 мансабдори давлатӣ, ки ба синни ниҳоии нафақа расидаанд, айни ҳол бар хилофи қонун дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият доранд.
Номбурда, ки имрӯз 9-уми июл дар нишасти матбуотии раёсати мазкур ширкат дошт, иброз намуд, ки дар назар аст, то охири сол 240 нафари дигар аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ба нафақа бароянд.
Синни ба нафақа баромадани хизматчиёни давлатӣ барои занҳо 58 ва мардҳо 63 сол муайян шудааст. Дар нимсолаи аввали соли равон 57 нафар хизматчии давлатӣ, ки ба синни нафақа расидаанд, аз вазифа озод карда шудаанд ва дар ҳаҷми музди меҳнати 3 моҳа кӯмакпулии яквақта гирифтаанд.
Ба қавли Грез Қосимов дар Тоҷикистон ҳамагӣ 18 ҳазор хизматчии давлатӣ мебошад, ки маоши миёнаи онҳо 823 сомониро ташкил медиҳад.
Имсол тибқи хулосаи комиссияҳои атестатсионии Раёсати хизмати давлатӣ 1807 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд ва 117 нафар хизматчиёни давлатӣ номувофиқ арзёбӣ шудаанд.