Тӯраҷонзода: Қотеъона гуфта наметавонам, ки имрӯз Рамазон аст
Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” иброз дошт, ки бо қотеъият, ки имрӯз 9-уми июл, рӯзи аввали моҳи Рамазон аст, гуфта наметавонад.
Ба гуфтаи Ҳоҷи Акбар, дар аксари кишварҳои исломӣ аз сабаби надидани моҳ, рӯзи 9-уми июлро охири моҳи Шаъбон хонда, рӯзи аввали моҳи Рамазонро, фардо чоршанбе 10-уми июл эълон кардаанд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода таъкид кард, ки дирӯз 8-уми июл дар Тоҷикистон низ касе моҳро надидааст.
Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода мегӯяд, бар асоси шариати исломӣ, китобҳои фиқҳию аҳодиси паёмбар (с) аввал моҳро бояд диду баъд рӯза гирифт, “вале мутаассифона дирӯз дар Тоҷикистон моҳ дида нашуд.”
Оқои Тураҷонзода афзуд, ки худи ӯ имрӯз рӯзадор мебошад, вале агар нафаре ҳам имрӯз рӯзаашро бихурад ба гарданаш кафорате лозим нахоҳад шуд: “Албатта, агар шахсе имрӯз рӯза бигирад аз аҷру савоби зиёд баҳраманд хоҳад гашт.”
Ин дар ҳолест, ки миёни шаҳрвандони кишвар, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди рӯзи аввали Рамазон будани 9-уми июл, баҳсҳо ба миён омада, ҳатто бархе аз афрод рӯза гирифтани имрӯзро “макруҳ” хондаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво мебошад, эълом кард, моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 9-уми июл оғоз меёбад. Вале дар аксари кишварҳои исломӣ, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Лубнон, Урдун, Фаластин ва Афғонистон рӯзи чоршанбеи 10-уми июл рӯзи аввали Рамазон эълон карда шуд.