Бархӯрди ду “Опел” 6 куштаю 5 маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби гузашта тахминан соати 23:33-дақиқа дар роҳи Истаравшан—Хуҷанд ду опел ба ҳам бармехӯранд, ки дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои ин ниҳод ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш 34-35 ВС 02 РТ, Маруфов Худойбердӣ, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба Хуҷанд, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш 75-71 ВН 02, РТ, таҳти идораи ронанда Ашуров Маруфхуҷа, соли таваллудаш 1989, бархурдааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи бархурди воситаҳои нақлиёти мазкур мусофирони ҳарду автомашина, Қодиров Абдухолиқ соли таваллудаш 1956, Қодирова Зуҳро соли таваллудаш 1989, Назаров Қурбон соли таваллудаш 1956, Баротов Раҳматулло соли таваллудаш 1972 ва ду ронандаи автомашинаҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаҳо Маруфов Истамҷон соли таваллудаш 1998, Рабиев Хушруй соли таваллудаш 1997, Раҷабов Хушнуд соли таваллудаш 1989, Набиев Манучеҳр соли таваллудаш 1992 ва Аюбова Муяссар соли таваллудаш 1961, сокинони шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.